Даъвати ҷавонон ба артиш "81 дарсад" иҷро шудааст
Мақомоти Тоҷикистон хабар доданд, ки нақшаи даъват ба хидмат дар артиш беш аз 81 дарсад иҷро шудааст. Даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ рӯзи якуми октябри имсол оғоз ёфт ва то 30-юми ноябр идома мекунад.