“Бӯстон”-у “Сиёсатнома” дар Play Market. Ташвиқи китобхонӣ бо шеваи замонавӣ. ВИДЕО
Як барномасози тоҷик мехоҳад бо усули нав китобхониро дар Тоҷикистон рушд диҳад. Муҳаммад Ғанизода китобҳои адибонро ба шакли барнома таҳия карда, дар махзани ҷаҳонии Плей Маркет (Play Market) мегузорад.