Дар Чин 80 % аҳолӣ ба вируси COVID-19 гирифтор ҳастанд
Як мутахассиси калони ҳукумати Чин гуфт, ки дар давоми ду ё се моҳи оянда дар саросари ин кишвар эҳтимоли омадани мавҷи нави COVID-19 воқеӣ нест, чунки ҳоло аллакай 80 дарсади аҳолӣ ба ин вирус олуда ҳастанд.
Ву Зуню, сарэпидемиологи Маркази назорат ва пешгирии бемориҳо дар Чин дар як ҷаласаи онлайнӣ гуфт, ки бо фарорасии соли нави қамарӣ дар кишвар ва ҷашнгирии он хатари афзоиши паҳншавии вируси COVID-19 вуҷуд дорад.
Вале, ба гуфтаи ӯ, агар ҳам дар баъзе минтақаҳои кишвар ҳолатҳои олудашавӣ афзоиш ёбад, мавҷи дуюми эпидемияи беморӣ ба ин наздикиҳо таҳдид намекунад.
Дар мавсими соли нав дар Чин, ки 22-юми январ шурӯъ шуда беш аз ду ҳафта давом мекунад, бисёр шаҳрвандони ин кишвар барои дидор бо наздиконашон ба сафар мебароянд.