Ҳалокати 10 нафар дар ҳамла ба як клуби шабона дар Калифорния
Бар асари тирандозӣ дар ҷараёни ҷашни Соли нави чинӣ дар як клуби рақси шабона дар атрофи Лос-Анҷелес дар иёлати Калифорнияи Амрико дастикам 10 нафар ҷон бохта ва ҳамин теъдод низ захмӣ шудаанд.
Пулиси маҳаллӣ мегӯяд, марди мусаллаҳ ба ин клуби рақси шабона дар 13-километрии Лос-Анҷелес ворид шуда, ба сӯи ҳозирин тирандозӣ кардааст. Тирандозӣ шабона сурат гирифтааст. Ин фард фирор кардааст ва ҳанӯз маълум нест, ки ангеза ин ҳамла чист. Тибқи бархе гузоришҳо, вазъи бархе аз захмиён сангин аст.
Ин панҷумин ҳодисаи тирандозии маргбор дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз ибтидои сол аст. Ҳамла ба ин клуби шабона дар миёни ин ҳамлаҳо аз ҳама бештар талафот доштааст. Дар моҳи майи соли гузашта дар пайи ҳамла ба як мактаб дар Техас 21 нафар ҷон бохта буданд.