Номаи як созмони ҳомии ҳуқуқ дар робита ба ошӯби зиндони Ваҳдат
Дар изҳороти ин гурӯҳи ҳомии ҳуқуқ башар, ки рӯзи 20-уми май ба нашр расид, гуфта мешавад, ки дар ин маҳбас шуморе аз маҳбусони сиёсӣ, аз ҷумла аъзои Ҳизби наҳзати исломӣ ва мухолифи сиёсӣ Зайд Саидов нигаҳдорӣ мешуданд ва дар миёни кушташудаҳо Саттор Каримов, Саид Қиёмиддини Ғозӣ ва Ҷонмаҳмад Боев ҳастанд. Бар пояи изҳороти "Freedom Now and Hogan Lovells", дар ин ҳодиса ҷони Зайд Саидов низ қасд шуда, аммо ӯ аз сӯи зиндониён ҳимоят дид.
Созмони "Freedom Now and Hogan Lovells" ба унвони як ниҳоди машваратии байналмилалӣ хостори таҳқиқи комил, шаффоф ва мустақилона дар мавриди ошӯби зиндони Ваҳдат шудааст.
Тибқи иттилои расмӣ, дар ҳодисаи зиндони Ваҳдат, ки шаби 19-уми май рух дод, 29 зиндонӣ ва се зиндонбон кушта шуданд. Мақомоти тоҷик мегӯянд, ки омилони ин беназмӣ афроди вобаста ба гурӯҳи "Давлати исломӣ" мебошанд. Маълумоти дигар дар мавриди ин ҳодиса аз манобеи мустақил дастрас нест.