Додгоҳи Бишкек мандати вакилии Фарҳат Исмоиловро барқарор накард
Шикояти Фарҳодбек Олиҷонов, ки низ аз мандати вакилӣ маҳрум шудааст, 28 сентябр дар додгоҳи шаҳрии Бишкек баррасӣ мешавад.
Комиссияи марказии интихоботи Қирғизистон рӯзи 6 июли соли ҷорӣ мандати вакилони порлумони ин кишвар Фарҳодбек Олимҷонов ва Фарҳат Исмоиловро бекор кард. Комиссияи марказии интихобот ин тасмимро баъди он гирифт, ки Вазорати маориф ва илми Қирғизистон гуфт, санадҳои ду вакил дар бораи таҳсилоти олӣ тақаллубӣ ҳастанд.