Заминларза шаҳри Душанберо такон дод
Рӯзи 13-уми апрел заминларзае шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистонро такон дод. Ба гуфтаи хабарнигори Радиои Озодӣ дар пойтахт, заминларза соати 9:24 сар шуда, тақрибан се дақиқа идома кард. Чанд сокини шаҳри Хуҷанд дар Фейсбук навиштаанд, ҷунбидани заминро ҳис кардаанд.
Ҳанӯз маълум нест, ки қувваи заминҷунбӣ чанд дараҷа буд ва маркази он куҷост. Ҳамчунин аниқ нест, ки ба ҷуз Душанбе заминҷунбӣ боз дар кадом минтақаҳои Тоҷикистон сабт шудааст.
Баъзе марказҳое, ки ҷунбидани заминро дар гӯшаву канори ҷаҳон мустақим пайгирӣ мекунанд, навиштаанд, ки заминларзаи субҳи 13-уми апрел ба ҷуз Тоҷикистон дар Қирғизистон ва Узбекистон ҳам рух додааст. Ба навиштаи ин сомонаҳо, маркази заминларза шаҳри Қуқанди Узбекистон буд ва қувваи ҷунбидани замин дар марказ 4,6 дараҷаи ҷадвали Рихтерро ташкил медод.
Тоҷикистон дар яке аз минтақаҳои зилзилахези қораи Осиё ҷойгир аст.
Ҳар сол дар кишвар садҳо заминларза сабт шуда, дар натиҷаи он баъзе аз манзили сокинон вайрон мешавад.
Хабар такмил мешавад.