Додситони кулл ба мубориза бо талафоти барқ даъват намуд
Як моҳ баъди ҷорӣ шудани ҷазои ҷиноӣ барои истифодаи ғайриқонунии барқ дар Тоҷикистон, додситони кулл Ҳабибулло Воҳидзода аз сохтоҳои ҳифзи қонуни кишвар даъват намуд, ки барои мубориза бо ин мушкил сафарбар шаванд. Мавзӯи асосии ҷаласаи шӯрои ҳамоҳангсози фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон рӯзи 6 май ҳам ҳамин будааст.
Дафтари матбуоти додситонии кулл навишт, дар ин ҷаласа супориши президент оид ба пешгирии истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ва талафоти аз меъёр зиёди он баррасӣ гардид ва ба сохторҳои ҳифзи қонун дастур дода шуд, ки барои иҷрои ин талабот даст ба кор шаванд.
Ин хабар дар ҳолест, ки дар як моҳи ахир хабарҳо аз кунҷу канори Тоҷикистон дар бораи ба ҷавобгарӣ кашидани шудани сокинон барои истифодаи ғайриқонунии барқ ҳарчи бештар нашр мешаванд. Бар асоси бархе хабарҳо аз минтақаҳои кишвар, мақомоти ҳифзи қонун дар маҳалҳо барои татбиқи дастури президент рейду корҳои назоратӣ ба роҳ мондаанд.
Бар асоси иловаҳо ба Кодекси ҷиноии Тоҷикистон аз моҳи апрел, барои дуздӣ ё истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ аз 27 ҳазор сомонӣ ҷарима то 10 сол зиндон пешбинӣ шудааст.
Тоҷикистон давоми даҳсолаҳо дар ҳолати бӯҳрони энержӣ ба сар мебарад, қимати барқ барои аҳолӣ ва корхонаҳо гарон гуфта мешавад, вале маълум нест то куҷо таъқиби ҷиноии шаҳрвандон барои барқи дуздӣ барои сабуктар шудани ин мушкил мусоидат мекунад.