Добавить новость
World News

Новости сегодня на DirectAdvert

Новости сегодня от Adwile

Раиси сиёсати муҳоҷирати Приморйе: «Бе муҳоҷирон аз дасти мо коре намеояд»

Як мақомдори соҳаи муҳоҷират дар Русия ба зарурати будани нирӯи кории хориҷӣ ҳамчун омили муҳими иқтисодӣ таъкид кардааст. Михаил Сорокин, раиси Оҷонсии сиёсати муҳоҷирати минтақаи Приморйе дар як мусоҳибаи муфассалаш бо сомонаи маҳаллии «Владивосток1.ru» гуфтааст, «муҳоҷирон ба Русия бо мақсади кор мераванд, на барои эҷоди мушкил».
Михаил Сорокин дар ин сӯҳбаташ аз 15 июл, ки дар 18 саҳифа нашр шудааст, мегӯяд, Русия ба кори муҳоҷирони корӣ эҳтиёҷ дорад ва соҳаҳои зиёде дар иқтисоди ин кишвар ниёз ба нирӯи инсонӣ доранд, ки намешавад танҳо бо такя ба аҳолии маҳаллӣ онро пур кард. Айни замон ӯ мегӯяд, муҳоҷират бояд танзимшуда ва мутобиқ ба қонун ба роҳ монда шавад.
Сорокин, ки дар гузашта дар мақоми раиси идораи гумруки Приморйе кор кардааст, мегӯяд, дар соҳаи муҳоҷирати ин вилоят мушкилоти мисли камбуди нирӯи корӣ ва мутахассисон ва ҳамчунин муҳоҷирати ғайриқонуниро ҳал бояд кард.
Чунин изҳориназарҳои як мақомдори соҳаи муҳоҷирати минтақаи дурдасти Русия дар ҳолест, ки мақомдорони тасмимгиранда дар Маскав дар як соли охир ба вижа баъди ҳамла ба толори консертии «Крокус» сиёсати зидди муҳоҷиратро пеш мебаранд.
Дар ин муддат Думаи давлатӣ на камтар аз 16 қонуни нави маҳдудкунандаи ҳузури муҳоҷиронро қабул карда аз минбари баланд муҳоҷиратро як омили афзоиши ҷинояткорӣ меномад. Аз минбари баланд вакилон, раҳбарони сохторҳои ҳифзи қонуни Русия изҳороти нажодпарастона ва табъйизомез ба забон меоранд ва дар телевизиону шабакаҳои иҷтимоӣ саҳнаҳои таҳқиромези боздошту ҳабси муҳоҷирони гӯё вайронкунандаи қоидаҳои муҳоҷиратро пахш мекунанд.
"Ҳама мехоҳад блогер бошад, вале ба кори сангин намераванд"
«Вақте ба таҳлилҳои касбӣ такя мекунед, як чизро дақиқ дарк мекунед, ки бе муҳоҷирон аз дасти мо коре намеояд». Ӯ афзуд, дар Приморйе 48 ҳазор ҷои холии корӣ вуҷуд дорад ва 32 ҳазор адади онҳо марбут ба кормандон дар соҳаҳои сохтмон, саноат ва нақлиёт ҳастанд. Ӯ мегӯяд, коҳиши таваллуд ва кӯчидани аҳолӣ аз минтақа эҳтиёҷ ба нирӯи кориро то рафт бештар мекунад. «Агар дар вилояти Амур эҳтиёҷ ба коргарон дар соҳаи кишоварзӣ бошад, дар Приморйе сохтмонҳои азим, минтақаҳои саноатӣ ваё тарҳҳои вижаи иқтисодӣ ба коргар ниёз доранд ва ин эҳтиёҷ то рафт зиёдтар мешавад», гуфт Сорокин.
Ӯ мегӯяд, сокинони маҳаллӣ бисёр вақт барои кор дар ин соҳаҳои мушкил розӣ намешаванд. «Имрӯз тасаввури бисёриҳо дар бораи кор дигар аст: ҳама мехоҳад блогер бошад ваё корашро фосилавӣ анҷом диҳад. Вале кори сангини ҷисмонӣ сокинони маҳаллиро дилгарм намекунад. Эҳтиёҷи то рафт афзоянда ба муҳоҷирон як воқеияти объективӣ аст», гуфт Сорокин.
Ин мақомдори соҳаи муҳоҷират мегӯяд, тарафдори ба таври танзимшуда ва мураттаб ҷалб кардани муҳоҷирон аз кишварҳои дуру наздик аст, то ки ҳам ҳуқуқи муҳоҷирон ва ҳам ҳуқуқи кордиҳандагон риоя шавад ва ҳам иқтисоди кишвар аз ин манфиат бинад.
Ӯ гуфт, мухолифи шиори бархе сиёсатмадорон аст, ки мегӯянд «Русия барои русҳо аст», вале айни замон таъкид намуд, ки донистани забони русӣ муҳим аст ва фарзандони муҳоҷирон дар сурати бо волидон дар Русия зиндагӣ карданашон бояд забонро бидонанд.


"Муҳоҷирони коргарро дар матбуот таблиғ хоҳем кард"
Сорокин дар мусоҳибааш гуфтааст, нишондодҳои ҷинояткорӣ дар миёни муҳоҷирон, ки омори расмии ВКД нишон медиҳад, аз сатҳи умумии ҷиноятҳо болотар нест – камтар аз 3% аст. «Бахусус, муҳоҷирони корӣ аз Осиёи Марказӣ кам ҷиноят содир мекунанд, аксарият фақат барои кор омадаанд… Бо ин вуҷуд, бархе блогерон ҳодисаҳои ҷудогонаи пурсарусадоро барои нашри матолиби ҳангомабарангез ва ҷалби таваҷҷӯҳ истифода мекунанд».
«Мо нақша дорем, ки дар Телеграм-канали худ ва ҳам дигар пойгоҳҳо як силсила матолиберо дар бораи муҳоҷирон нашр кунем, ки бомуваффақият кор карда барои рушди минтақа саҳмгузор мешаванд. Бояд вазъро аз ҳар тараф нишон дод, то ки дар ҷомеа дар бораи муҳоҷирон як таассуроти ботавозуне эҷод шавад», гуфт раиси Оҷонсии сиёсати муҳоҷирати минтақаи Приморйе.
Сорокин гуфт, то ҳол чандин қарори маҳдудкунандаи кори муҳоҷирон натиҷаи баръакс додааст. Ӯ гуфт, маҳрум кардани патенти кор ба ҳайси ронандаи автобусҳо барои муҳоҷирон кори нақлиёти мусофирбарро тақрибан ба нестӣ овард. «Дар натиҷа, зарурати бекор кардани ин монеаҳо ва ислоҳи сиёсат пеш омад», мегӯяд Сорокин.
Минтақаи Приморйе дар ҷанубу шарқи Русия дар сарҳад бо Чину Кореяи Шимолӣ ҷойгир аст ва ба ин минтақаи бисёр сарде бо беш аз 400 ҳазор аҳолӣ соле 100 ҳазор муҳоҷири корӣ барои кор меравад. Шумори азимтарини муҳоҷиронро шаҳрвандони Узбекистон ташкил медиҳанд, тоҷикистониҳо каме бештар аз ду ҳазор нафар мебошанд. Бо сабаби ҳамсоягии минтақа бо Чину Кореяи Шимолӣ аз ин кишварҳо ҳам ба Приморйе коргарони мавсимӣ ҷалб мешаванд.

Читайте на сайте


Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. Абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city
Музыкальные новости
Новости России
Экология в России и мире
Спорт в России и мире
Moscow.media









103news.com — быстрее, чем Я..., самые свежие и актуальные новости Вашего города — каждый день, каждый час с ежеминутным обновлением! Мгновенная публикация на языке оригинала, без модерации и без купюр в разделе Пользователи сайта 103news.com.

Как добавить свои новости в наши трансляции? Очень просто. Достаточно отправить заявку на наш электронный адрес mail@29ru.net с указанием адреса Вашей ленты новостей в формате RSS или подать заявку на включение Вашего сайта в наш каталог через форму. После модерации заявки в течении 24 часов Ваша лента новостей начнёт транслироваться в разделе Вашего города. Все новости в нашей ленте новостей отсортированы поминутно по времени публикации, которое указано напротив каждой новости справа также как и прямая ссылка на источник информации. Если у Вас есть интересные фото Вашего города или других населённых пунктов Вашего региона мы также готовы опубликовать их в разделе Вашего города в нашем каталоге региональных сайтов, который на сегодняшний день является самым большим региональным ресурсом, охватывающим все города не только России и Украины, но ещё и Белоруссии и Абхазии. Прислать фото можно здесь. Оперативно разместить свою новость в Вашем городе можно самостоятельно через форму.

Другие популярные новости дня сегодня


Новости 24/7 Все города России



Топ 10 новостей последнего часа



Rss.plus


Новости России







Rss.plus
Moscow.media


103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости




Спорт в России и мире



Новости Крыма на Sevpoisk.ru




Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России