Фавти ду муҳоҷири тоҷик дар садамаи нақлиётӣ дар Русия
Дар шаҳри Смоленски Русия дар натиҷаи ба обанбор сарозер шудани сабукрави "Шевроле Ланос", ду муҳоҷири меҳнатӣ аз Тоҷикистон ба ҳалокат расиданд.
Мақомот ҳувияти фавтидагонро нагуфтаанд, аммо дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз онҳо Ибодулло ва Сомон ном бурда шуда, яке 28 ва дигаре 23-сола будаанд.
Сабабҳои рух додани садама маълум нест.
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Смоленск танҳо гуфтаанд, ки ронандаи 28-сола аз ӯҳдаи идораи сабукрав баромада натавониста, ба обанбор сарозер шудааст.
Русия макони кору зиндагии садҳо ҳазор тоҷикистонӣ аст. Солона садҳо нафари онҳо дар пайи беморӣ, садама ва ҳодисаҳои дигари нохуш ҷони худро аз даcт медиҳанд.
Ба ҳисоби миёна, соле то ҳазор тобути муҳоҷиронро аз Русия ба Тоҷикистон меоранд.