Добавить новость
World News

Новости сегодня на DirectAdvert

Новости сегодня от Adwile

Таскина Комилзода: Мехоҳам духтарҳои бештарро барои таҳсилу ҳунаромӯзӣ ташвиқ кунам

Рӯзи духтарон имсол, ки 11-уми октябр таҷлил шуд, бо ташаббуси СММ ба мавзӯи “Духтарон дар сафи пеши бӯҳрон” бахшида шуд. Нақши духтарон дар саросари ҷаҳон торафт боризтар мешавад. Онҳо дар роҳи ҳалли мушкилоти ҷиддии ҷомеаҳои худ фаъолтар мешаванд. Духтарҳо барои ҳифзи муҳити зист мубориза мебаранду хушунатро маҳкум мекунанд.

Вале ба гуфтаи СММ, дар аксар ҳолат садои онҳо шунида намешавад ва талоши онҳо нодида гирифта мешаваду ҳуқуқҳои онҳо ҳам сарфи назар мешавад.

Вале дар миёни духтарони фаъол дар Тоҷикистон шумори онҳое кам нест, ки бовар доранд, дониш ва талошу заҳмати онҳо метавонад барои тағйир додани зиндагии бисёр дигар духтарон мусоидат кунад.

Яке аз он Таскина Комилзодаи 22-сола аз Душанбе аст.

Таскина дар баробари таҳсил дар донишгоҳ масъулиятҳои зиёди дигарро бар дӯш дорад. Дар доираи лоиҳаҳои гуногун, ки тавассути созмонҳои баналмилалӣ роҳандозӣ мешавад, бо духтарон дар мавзӯҳои баробарии ҷинсиятӣ мулоқоту омӯзишҳо мегузаронад.

Таскина Комилзода дар як сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, бисёр духтарон дар ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон хоксоранду ба баёни озоду ошкори андешаву эҳсосашон омода нестанд. Ӯ мегӯяд, ба давраҳои омӯзишии ӯ ҳам “духтарҳо аввал меоянд, бисёр пӯшида ҳастанд, намехоҳанд чизе гуфтан, ва баъдан мо бо онҳо бозӣ мегузаронем ё аз зиндагии худамон қисса мекунем, баъдан камтар кушода мешаванд, нақл мекунанд.”

Имсол барояш соли сермаҳсул буд. Ба шабакаи баробарии гендерии САҲА пайваст ва барои омӯзиши тақрибан 100 нафар кӯмак кард. Мегӯяд, ҳадаф аз роҳи машварат беҳтар кардан зиндагии духтарон аст.

“Агар мо тавонем як каме духтаронро ба роҳи рост ва пешравӣ ташвиқ кунем, ин хуб аст. Мо бисёр кӯшиш дорем, аммо тавре гуфтам, камтар душвор аст. Бисёри мушкилоте, ки духтарон бо он рӯ ба рӯ мешаванд, ин мушкилоти оилавӣ аст ва бисёр душвор аст ба он монеа шуданд. Чизе, ки ман метавонам ба духтарон бидиҳам, ин маслиҳату роҳнамоӣ аст”.

Таскина мегӯяд, бо ин ки ӯ дигар як шахси мустақил асту аз афкори дигарон вобаста нест, боз ҳам ҳамарӯза бо чолишҳое рӯбарӯ мешавад, ки ба ҷомеаву тасаввурҳои қолабии он бастагӣ дорад. Ӯ мегӯяд, "бисёр вақт ман бояд бо одамони калонсол ё мардҳо кор кунам. Бисёр вақт ё ҷиддӣ қабул намекунанд ё боварашон намеояд, ки онҳо бояд бо ман кор кунанд. Бисёртар дар ҳамин замина мушкилиҳо ҳаст. Баъд аз гуфтугӣ онҳо камтар фикрашон дигар мешавад. Вале бисёр вақт ҳолатҳое мешавад, ки то охир қабул намекунанд. Фикр мекунанд "хайр, як духтар аст, як ҷавон аст. Ҳеҷ чизро намефаҳмад". Хайр, чӣ кор кунем? Бояд ин тасаввурҳои қолабиро оҳиста-оҳиста аз байн барем”.

Таскина мегӯяд, ҳанӯз аз наврасӣ наметавонист дар баробари нобаробарӣ нисбати духтарон бетараф монад ва ҳамеша инро эҳсос мекард. Аммо чанд чиз, аз ҷумла сӯҳбат бо як лӯлидухтар сабаб шуд, ки ӯ ба ин мавзӯъ рӯ орад ва талош кунад, то барои тағйири андешаҳои нодуруст саҳм гузорад.

“Оилаи мо бисёр оилаи замонавӣ аст ва падару модарам маро ҳамеша дастгирӣ мекунанд. Аммо дар гирду атроф ҳама вақт нобаробарӣ буд. Боз як қиссае буд, ки бисёр ба ман таъсири қувватбахш дода буд. Синфи 10 ё 11 мехондам, лӯлидухтаре ба хонаамон омад, бо ӯ гуфтугӯ кардем. Гуфтам, "чӣ кор мекунӣ, мехонӣ ё намехонӣ?" Гуфт, "намехонам. То синфи 4 хондем, дигар намонданд". Гуфтам, "додаронат чӣ?" Гуфт, "онҳо мехонанд". Пурсидам, ки чаро ба ӯ иҷоза намедиҳанд? Гуфт, "охир ман духтар". Лекин духтар бисёр хоҳиши хондан дошт. Мехостааст муаллима шавад. Баъди ҳамон ман ба фикр афтидам. Кӯшиш мекунам бисёр лоиҳаҳое, ки таҳия мекунам дар ҳамин замина бошад.”

Мутолиаи китоб дар бораи Малола Юсуфзай - духтари фаъоли Покистонӣ ва ҳомии таълими духтарон Таскинаро ба ин роҳ бештар ташвиқ кардааст.

“Тақрибан синфи 9 ё 10 будам, нав англисиро сар карда будам, баъд китоб гирифтам аз American space дар бораи Малола Юсуфзай. Он кас як фаъоли бисёр машҳур дар дунё - ба духтарон ёрии зиёде мекард. Мехост бисёр чизро иваз кунад, вале ба ӯ афроди мусаллаҳ ҳамла карданд. Бисёр таъсири зиёд бахшид ба ман. Ман ҳатто вақти хондани он китоб гиря кардаам. Шояд баъди ҳамон ҳам кори ман сар шуд”.

Таскина Комилзода ҳоло ҳамчунин чун ёрдамчии барномасоз дар шабакаи “Go Viral” фаъолият дорад. Ин лоиҳае аст, ки ҳар сол ҷавононро дар ҷашнвораҳои гуногун гирди ҳам меорад. Вай инчунин фаъоли муҳитзистӣ аст ва барномаҳои мухталиф оид ба ҳифзи муҳити зистро ҳам роҳандозӣ мекунад. Ин шабу рӯз барои ба ташкили як конфронси миллӣ дар масъалаи иқлим барои ҷавонон омодагӣ мегирад. Дар доираи ин ҳамоиш муроҷиатномаи ҷавонон таҳия ва тавассути он талош мешавад садои ин қишр ба мақомоти болоӣ расонида шавад.

“Гоҳо фикр мекунам мегӯям, ки агар ман мард мебудам, чӣ қадар чизро ба даст меовардам, вале ман розӣ ҳастам, ки зан, духтар ҳастам ва кӯшиш мекунам, ки ҳолат беҳтар шавад.”

Имсол дар рӯзи ҷаҳонии духтарон СММ аз кишварҳои ҷаҳон даъват кардааст, ки духтароне мисли Таскина ва дорои малакаҳои раҳбариро дастгирӣ кунанд, ба онҳо имкон диҳанд, то муаррифӣ шаванд ва барои тарбияи духтарони раҳбар фазову шароит фароҳам созанд.

Ин созмон дар пайёме бахшида ба Рӯзи духтарон гуфтааст, сармоягузории бештар, рафъи монеаҳо ва тарбияи духтарони раҳбар муҳимтарин чиз барои дастёбии ин қишр ба муваффақият аст.

Читайте на сайте


Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. Абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city
Музыкальные новости
Новости России
Экология в России и мире
Спорт в России и мире
Moscow.media









103news.com — быстрее, чем Я..., самые свежие и актуальные новости Вашего города — каждый день, каждый час с ежеминутным обновлением! Мгновенная публикация на языке оригинала, без модерации и без купюр в разделе Пользователи сайта 103news.com.

Как добавить свои новости в наши трансляции? Очень просто. Достаточно отправить заявку на наш электронный адрес mail@29ru.net с указанием адреса Вашей ленты новостей в формате RSS или подать заявку на включение Вашего сайта в наш каталог через форму. После модерации заявки в течении 24 часов Ваша лента новостей начнёт транслироваться в разделе Вашего города. Все новости в нашей ленте новостей отсортированы поминутно по времени публикации, которое указано напротив каждой новости справа также как и прямая ссылка на источник информации. Если у Вас есть интересные фото Вашего города или других населённых пунктов Вашего региона мы также готовы опубликовать их в разделе Вашего города в нашем каталоге региональных сайтов, который на сегодняшний день является самым большим региональным ресурсом, охватывающим все города не только России и Украины, но ещё и Белоруссии и Абхазии. Прислать фото можно здесь. Оперативно разместить свою новость в Вашем городе можно самостоятельно через форму.

Другие популярные новости дня сегодня


Новости 24/7 Все города России



Топ 10 новостей последнего часа



Rss.plus


Новости России







Rss.plus
Moscow.media


103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости




Спорт в России и мире



Новости Крыма на Sevpoisk.ru




Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России