Додситон гуфт, 405 тан баъди гузоштани "лайк" муҷозот нашуданд
Додситони кулли Тоҷикистон мегӯяд, соли гузашта 405 нафар дар зери маводҳои мамнӯъ дар шабакаҳои иҷтимоӣ аломати писанд ё "лайк" гузоштанд, аммо бар асоси қонуни нав аз ҷавобгарии ҷиноӣ озод шуданд.
Ҳабибулло Воҳидзода, Додситони кул 13-уми феврал дар нишасти хабарӣ гуфт, нисбати ин афрод эзоҳи моддаҳои дахлдори Кодекси ҷиноятӣ татбиқ ва "онҳо аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда шуданд".
Моҳи майи соли 2025 ҷазои ҷиноӣ барои "лайк"-гузорӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ бекор шуд. Ангушт задан ба аломати "писанд" ё "лайк" дар зери матлабҳои интернетӣ қаблан садҳо касро ба зиндон бурда буд.
Додситони кулли Тоҷикистон 13-уми феврал гуфт, дар пайи бекор шудани ҷазо барои гузоштани “лайк” дар шабакаҳои иҷтимоӣ, содиршавии ҷиноятҳои марбут ба ифротгароӣ назар ба як соли пеш 314 адад ё 23 дарсад кам шудааст.
Ба иттилои расмӣ, дар Тоҷикистон беш аз якуним ҳазор кас барои гузоштани "лайк" ва навиштани шарҳ дар зери матлабҳои, ба гуфтаи мақомот, "дорои хусусияти ифротӣ", ҷазо гирифтаанд.
Вакилони порлумони Тоҷикистон дар моҳи июни соли 2018 дар пайи ислоҳи Кодекси ҷиноии кишвар дар қонунгузорӣ "сафедкунии оммавии терроризм тариқи шабакаи Интернет"-ро ҷурм шинохтанд ва ин меъёр дар миёни мардум бо моддаи ҷазо барои "лайк" маъруф аст.