Гурҷистон ҳарими ҳавоияшро барои ҳавопаймоҳои Сурия баст
Гурҷистон ҳарими ҳавоияшро барои ширкатҳои ҳавонавардии Сурия масдуд кард. Ин қарор посух ба эътирофи истиқлолияти ду ҷумҳурии мухтори Гурҷистон - Абхозистон ва Осетияи Ҷанубӣ аз ҷониби Сурия буд. Ба ин тартиб, ҳукумати Гурҷистон ду ширкати ҳавонавардии Сурияро, ки ба Русия парвоз анҷом медоданд, аз истифодаи ҳарими ҳавоияш маҳрум кард.
Ин тадбир барои Сурия дарднок буд, зеро хайтсайрро ба таври қобили мулоҳиза аз 30 дақиқа то 5 соат тӯлонӣ кард. Ба думболи қатъи робитаҳои дипломатӣ бо Сурия, Гурҷистон Созмони байналмилалии авиатсияи гражданиро огоҳ кард, ки аз ин ба баъд аз хизматрасонӣ ба ду ширкати суриягӣ -Syrian Air ва Cham Wings-ро, ки ҳафтае ду дафъа ба шаҳрҳои Русия парвоз мекунанд, даст мекашад.
Тайи як ҳафтаи ахир ҳавопамоҳои Сурия маҷбур шудаанд бо парвоз дар фарози Баҳри Хазар ва соҳилҳои Озарбойҷон, вақти бештар сарф кунанд.