Ҳодисаи "Аурум 898" клубҳои шабонаи Тошкандро таҳти шуо қарор дод
Кормандони милисаи шаҳри Тошканд баъди ҳодисаи хунини клуби шабонаи "Аурум 898", дар тафреҳгоҳои дигари пойтахт рейд анҷом доданд. Чанде пеш дар клуби шабонаи "Аурум 898" варзишкори 25-сола Ҷамшед Кенҷаев дар як занозанӣ кушта шуд.
Дурбинҳои назоратии бархе клубҳо лаҳзаи ворид шудани пулис ва тахрибкории онҳоро сабт карданд.
Як масъули клуби "Боғчаи тобистона"-и Тошканд гуфт, кормандони пулис муҳофиз, пешхизмат ва кормандони дигари ин клубро латту кӯб карданд.
Кормандони клуби "Вачач" ҳам дар рейди рӯзи 14 август латту кӯб шуданд.
Мақомоти шаҳри Тошканд то кунун наворҳои латту кӯб шудани кормандони клубҳои шабонаро аз сӯи пулис шарҳ намедиҳанд.
Рӯзи 9 август варзишкори 25-солаи ӯзбек Ҷамшед Кенҷаев дар назди клуби "Аурум 898" кушта шуд. Пулис бо гумони латту кӯби Кенҷаев се муҳофизи клубро боздошт кард.