Аз 600 ба 300 млн $. Чаро даромади ширкатҳои мухобиротӣ кам шуд?
Тибқи пажӯҳиши тозаи мақомот ва созмонҳои ҷамъиятӣ, даромади ширкатҳои мухобиротии Тоҷикистон дар панҷ соли ахир аз ҳудуди 600 то ба 300 миллион доллар коҳиш ёфтааст. Мудохилаи давлат ба фаъолияти ин ширкатҳо ва таъсири таҳримҳои Русия ба даромади муҳоҷирони тоҷик омилҳои асосии ин ҳолат унвон мешавад.