Ваъдаи падари Ҳувайдо дар сари қабри ӯ
![Ваъдаи падари Ҳувайдо дар сари қабри ӯ](https://gdb.rferl.org/6e828ad3-4aa5-4479-8803-72e83cb6358f_tv_w800_h450.jpg)
Абдусалом Саидов, сокини шаҳри Кӯлоб, барои иштирок дар мурофиаи гумонбар дар қатли духтари панҷсолааш Ҳувайдо Тиллозода ба Маскав рафт. Аммо пеш аз сафар, субҳи 21-уми август, қабри духтарашро зиёрат кард ва дар ҳамон ҷо ваъда дод, то замоне ба қотили Ҳувайдо ҳабси якумрӣ надиҳанд, ором нахоҳад гирифт.