Туркманистон маркази бузурги тавлиди барқро ифтитоҳ кард
![Туркманистон маркази бузурги тавлиди барқро ифтитоҳ кард](https://gdb.rferl.org/87CDD96D-695C-4D5B-83D3-0B152F89202C_w800_h450.jpg)
Туркманистон як маркази бузурги тавлиди барқро ифтитоҳ кард, ки барои Афғонистону Покистон се миллион киловатт соат барқ содир мекунад. Ин марказ, ки дар онҷо газро ба барқ табдил медиҳанд, рӯзи 8-уми сентябр дар наздикии шаҳри Марви Туркманистон ифтитоҳ ёфт. Афғонистон дар баъзе аз минтақаҳои шимол ва шимоли ғарбиаш ба барқи воридотӣ аз Туркманистон такя мекунад.