Девона ё ҳушёр? Боздошти Давлатқадам як моҳи дигар дароз шуд
![Девона ё ҳушёр? Боздошти Давлатқадам як моҳи дигар дароз шуд](https://gdb.rferl.org/9DF2A902-5B1C-49C4-809E-A5E766225934_cx0_cy9_cw0_w800_h450.jpg)
Додгоҳи ноҳияи Жуковский муҳлати боздошти Давлатқадам Давлатқадамов, ҷавони тоҷики муттаҳам ба авбоширо дар ҳавопаймои Маскав – Душанбе боз як моҳи дигар дароз кард. Қарори додгоҳ рӯзи 29-уми сентябр содир шуд.