Медали биринҷии паҳлавони тоҷик дар Маскав
![Медали биринҷии паҳлавони тоҷик дар Маскав](https://gdb.rferl.org/736DB4D2-1480-4432-8BDC-0A3D7A567845_cx26_cy4_cw73_w800_h450.jpg)
Бахтовар Абдуллоев, паҳлавони тоҷик, дар мусобиқаи байналмилалии “Ёдбуди Анатолий Харлампиев”, поягузори гуштии самбо, медали биринҷӣ ба даст овард. Ин мусобиқаи байналмилалӣ, ки Ҷоми ҷаҳонии самбо ҳисоб меёбад, имрӯз, 22-юми март, дар маҷмааи хурди варзишии Лужникии Маскав шуруъ шуд.