Кохи сафед аз Теҳрон талаб кард, ки боздоштшудаҳои тазоҳуроти ахирро озод кунад. Дар изҳороти ҳукумати Доналд Трамп, ки рӯзи чоршанбе пахш шуд, гуфта мешавад, ки хабари боздошт, шиканҷа ва куштори эътирозгарон Вашингтонро шадидан нигарон кардааст.
ИМА даъват кард, ки ҳамаи зиндониҳои сиёсӣ дар Эрон, аз ҷумла боздоштшудаҳои чанд рӯзи ахир озод шаванд.
Шумори дақиқи одамоне, ки дар робита ба ҳодисаҳои охири Эрон боздошт шуданд, расман эълон нашудааст. Мақомот мегӯянд, чанд сад нафарро боздошт карданд ва аксари онҳо озод шуданд. Читать дальше...