Аз тамошои мева то хӯроки шом. Зиёфати сарони ИДМ дар Душанбе. АКС
Эмомалӣ Раҳмон – раиси ҷумҳури Тоҷикистон – ба ҳайси мизбони нишасти сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (СНГ) ҳамтоёни худро аз Русияву Қазоқистон, Узбекистону Молдова, Қирғизистон, Озарбойҷон, Беларус ва, инчунин, нахуствазири Арманистон зиёфат дод. Онҳо шоми 27-уми сентябр дар бӯстонсарои ҳукумат аввал рафи меваю сабзавоти Тоҷикистонро дида, сипас, сари мизи хӯроки шом нишастаанд. Дар аксҳое, ки хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон нашр кард, Эмомалӣ Раҳмон дар алоҳидагӣ бо... Читать дальше...