Чор ҳолати нави сироят ба коронавирус дар Тоҷикистон. Мақомот гуфтанд, ду рӯз касе КОВИД-19 нашуд
Вазорати тандурустии Тоҷикистон рӯзи 2-уми январ эълон кард, ки дар як рӯзи гузашта чор ҳолати нави гирифторӣ ба КОВИД-19 сабт шудааст. Аз ин пеш, ду рӯз пайи ҳам Вазорати тандурустӣ хабар дода буд, ки ҳеҷ ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус сабт накардааст. Ҳарчанд, мақомот нагуфтанд, ки дар он ду рӯз чанд касро ташхис кардаанд. Дар умум, ба иттилои расмӣ аз охири моҳи апрели 2020 то 2-уми январи имсол 13300 нафар ба бемории ҳамагир мубтало шуда, 90 кас ҷони худро аз даст додаанд. Вазорати тандурустӣ мегӯяд, 1239 нафар шифо ёфтаанд. Читать дальше...