Муҳлат ба поён расид, чаро Вазорати дифоъ хомӯш аст? ВИДЕО
Муҳлати таъиншуда барои даъвати тирамоҳии ҷавонон ба артиши Тоҷикистон 30 ноябр поён ёфт, вале мақомот дар бораи иҷрои нақша гузориш надоданд. Дар солҳои гузашта Вазорати мудофиа аз иҷрои пеш аз муҳлат хабар медод. Баъзе аз мутахассисон сукути мақомотро ба иҷро нашудани нақша пайванд медиҳанд.