Дар Андиҷон 12 мақомдорро барои шиканҷаи маргбори як боздоштшуда зиндонӣ карданд
Дар Узбекистон 12 корманди сохторҳои қудратӣ барои аз роҳи шиканҷа ба марг расонидани боздоштшуда ба зиндон маҳкум шуданд. Мурофиа дар додгоҳи виляти Андиҷон барпо шуд ва бо қарори додгоҳ кормандони як шӯъбаи маҳаллии корҳои дохилӣ барои шиканҷаву то марг расонидани Санҷарбек Мамаҷонов дар дохили боздоштгоҳ то чорсолӣ ба ҳабс маҳкум шуданд. Дар миёни шаш нафари ба чорсолии зиндон маҳкумшуда навбатчии масъул ва нозирон мебошанд. Шаш нафари дигар, ки дар миёнашон раиси боздоштгоҳ низ ҳаст, сесолӣ ҳабс таъин шуд. Читать дальше...