Бар асари як таркиш дар Покистон даҳҳо нафар кушта шуданд
Бар асари таркиш дар вилояти Хайбар-Пахтунхваи Покистон дастикам 40 нафар кушта, қариб 200 нафар захмӣ шудаанд. Таркиш ҳангоми гирдиҳамоии як ҳизби мазҳабӣ рух додааст. Теъдоди кушташудагон метавонад афзоиш ёбад, зеро вазъи бархе аз захмиён вазнин арзёбӣ мешавад. Дар ин бора мақомоти расмӣ хабар додаанд. Таркиш дар минтақаи Баҷаур, ки наздик ба марзи Афғонистон аст, рух додааст. Як пулис ба хабарнигори Радиои Машъал, бахши покистонии Радиои Озодӣ гуфт, инфиҷор тақрибан соати 17:00 ба вақти маҳаллӣ... Читать дальше...