Марде дар назди ҳукумати ноҳияи Рӯдакӣ сирко нӯшида, худкушӣ кардааст. ВИДЕО
![Марде дар назди ҳукумати ноҳияи Рӯдакӣ сирко нӯшида, худкушӣ кардааст. ВИДЕО](https://gdb.rferl.org/FA2FE519-9917-46C5-96E3-7571F6334744_cx7_cy0_cw88_w800_h450.jpg)
Як сокини ноҳияи Рудакӣ ду рӯз пеш дар назди бинои ҳукумати ноҳия сирко нӯшида, худкушӣ кардааст. Пайвандонаш гуфтанд, ӯ барои ҳалли мушкилаш ба назди мақомот рафта буд. Дар ҳукумати ноҳияи Рӯдакӣ гуфтанд, мард гирифтори бемории равонӣ буд ва дар як соли ахир ҳеч муроҷиат накардааст.