Бахше аз дарахтони "8-миллион сомонӣ" дар Данғара хушкидаанд. ВИДЕО
Теъдоде аз дарахтони Боғи парчами миллӣ дар ноҳияи Данғара, ки телевизонҳои давлатӣ пайваста аз он таърифу тавсиф мекарданд, хушкидаанд. Майдонро моҳи июни соли 2021 раиси ҷумҳури Тоҷикистон боз кард. Дар онҷо беш аз 8 миллион сомонӣ харҷ карда буданд.