Як фармондеҳи "Ҷиҳоди исломӣ" дар Димишқ кушта шудааст
Шохаи низомии гурӯҳи фаластии “Ҷиҳоди исломӣ” низ эълом кард, Алӣ Рамзии 31-сола аз фармондеҳони ин гурӯҳ дар дар атрофи Димишқ ҷон бохт.
Хабаргузории "Франс-пресс" гузориш додааст, ниманизомиёни ин гурӯҳ, ки аз сӯи Эрон ҳимоят мешаванд, Исроилро ба куштани фармондеҳи худ муттаҳам кардаанд. Артиши Исроил то кунун дар ин бора изҳори назар накардааст.
Гурӯҳи "Ҷиҳоди исломӣ" аз сӯи Иттиҳоди Аврупо ва Амрико дар феҳристи гурӯҳҳои террористӣ қарор дорад.