Хоҳарзодаи мухолифи ҳукумат зиндонӣ шудааст. Мақомот хомӯшанд
Пайвандонаш мегӯянд, Саидумар Саидов, хоҳарзодаи Шамсиддин Саидов, фаъоли ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ ба шаш соли зиндон маҳкум шудааст. Дар Додгоҳи шаҳри Бохтар баррасии парвандаи Саидов бо иттиҳоми узвият дар созмонҳои мамнуъро тасдиқ, аммо аз содир шудани ҳукм бехабарӣ карданд.