Дар робита ба марги блогери узбек парвандаи ҷиноӣ боз шудааст
Пулиси Тошканд мегӯяд, дар робита ба марги блогер Асадбек Арзиқулов, маъруф ба "Asad Algo" парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Блогер 19-уми июл баъди ҷарроҳии мағзи сар фавтид. Табибон гуфтанд, Арзиқулов бо нишонаҳои "ҷароҳати пӯшидаи устухони мағзи сар" ба беморхона интиқол ёфта буд.
Дар натиҷаи санҷиши пулис муайян шудааст, ки Асадбек Арзиқулов ва шиносаш Абдулазиз И. 16 июл дар яке аз боғҳои ноҳияи Мирзоулуғбеки Тошканд ҷанҷол кардаанд. Дар натиҷа блогер ҷароҳат бардоштааст. Ҷонибҳо бо ҳам оштӣ карда, блогер ба пулис шикоят накардааст.
Вазъи сиҳатии блогер 19 июл бад шудааст ва ӯро ба беморхона интиқол додаанд.
Дар робита ба ин ҳодиса бо банди "Қасдан расонидани зарари вазнини ҷисмонӣ, ки боиси марг гардидааст" парванда боз кардаанд.