Гирдиҳамоии мусалмонон дар Маскав алайҳи рейдҳои пулис
Гурӯҳе аз мусалмонон дар маркази Маскав алайҳи рейд ё тафтишҳои пулис дар масҷидҳо эътироз карданд.
Гирдиҳамоӣ рӯзи ҷумъа баргузор шуда, эътиқодмандон аз он шикоят кардаанд, ки маъмурини интизомӣ бо баҳонаи тафтиши санад ва мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ ҳангоми намозгузорӣ вориди масҷидҳо шуда, ин маросимро вайрон ва бадрафторӣ кардаанд
Дар ин гирдиҳамоӣ, ки баъди намози ҷумъа аз назди як масҷиди таърихии Маскав оғоз шуд, садҳо нафар ширкат кардаанд. Бино ба навиштаи Телеграм – канали “Подем” пулис тадобири амниятиро дар атрофи масҷид сахттар кард, аммо аз боздошт шудани касе хабар дода нашудааст. Эътирозгарон бо нидои “Аллоҳу Акбар” таҷаммӯъ кардаанд.
Шабакаи "Омбудсмен Такси" дар Telegram санадеро нашр кард, ки гӯиё Идораи нақлиёти Маскав ба Хадамооти таксии шаҳр фиристодааст. Дар он мақомот ширкатҳоро аз омодагии мусалмонон ба тазоҳурот огоҳ карда, аз онҳо дархост намудаанд, ки бо роҳи фаҳмондадиҳӣ ба “муҳоҷирони меҳнатӣ” аз рафтани онҳо ба гирдиҳамоӣ пешгирӣ кунанд.
Ҳафтаҳои ахир шикоят аз рейду тафтишҳои пулис дар масҷидҳои Русия афзоиш ёфтааст. Чанде пеш гурӯҳе аз мусулмонони масҷиди Котелникии Маскав дар як муроҷиати видеоӣ ба Владимир Путин, раиси ҷумҳурӣ Русия аз бетартибии кормандони ОМОН дар ибодатгоҳи мусалмонони ин минтақа шикоят карда, хостори муҷозоти афроде шудаанд, ки қонуншиканӣ карданд. Муроҷиати видеоӣ баъди он нашр шуд, ки маъмурони пулис намози рӯзи ҷумъаро дар маркази мусалмонони ин шаҳрак ба ҳам заданд.
Муфтиёт ё идораи мусулмонони вилояти Маскав ҳам дар пайи ҳамлаи нерӯҳои ОМОН ба масҷиди Дзержинский ба Додситонии кулли Русия шикоят бурд. Муфтиёт ин амалкардро ҳамчун таҳқири эътиқоди динии мусулмонон баҳогузорӣ намуда,таҳқиқи рейдро талаб кардааст.
Яке аз охирин рейдҳои пулиси Русия рӯзи 14-уми июл вақти намози ҷумъа сурат гирифт. Нерӯҳои амниятӣ бо баҳонаи тафтиши ҳуҷҷатҳо ба масҷиди воқеъ дар шаҳраки Котелники ҳамла намуданд. Онҳо нафареро ки эътироз мекард, таҳқир ва латту кӯб кардаанд.