Нархи гушт дар Тоҷикистон аз ҳамсояҳояш баландтар будааст
Нархи гӯшт дар Тоҷикистон дар қиёс бо ҳафт кишвари дигари шӯравии пешин гаронтар будааст.
Тоҷикистон баъд аз Арманистон дуюм кишваре дониста шуд, ки нархи гушт дар он ба фарқ аз аксар дигар кишварҳои минтақа баланд аст.
Инро як санҷиши Хадамоти зиддимонополии Қирғизистон дар пайи арзёбии нархи як кило гӯшти гов дар Қирғизистон, Арманистон, Тоҷикистон, Қазоқистон, Узбекистон, Беларус ва Русия нашр кардааст.
Гаронтарин нарх барои як кило гӯшти гов дар Арманистон ба қайд гирифта шудааст, беш аз 9 долларро ташкил медодааст. Дар Тоҷикистон, ки аз назари гаронӣ дар ҷои дуюм аст, як кило гӯшти гов 72-73 сомонӣ ё 7 доллар мебошад.
Дар ҷои сеюм Қазоқистон ва ин ҷо қимати гӯшт каме аз Тоҷикистон поёнтар будааст. Дар Русия, Беларус, Қирғизистону Узбекистон нархи гӯшти гов аз 5,5 то 6 доллар будааст.