Изҳороти Трамп баъди додгоҳ мавриди нигаронии додситонҳо шуд
Додситонҳои амрикоӣ як изҳороти президенти собиқ Доналд Трампро дар шабакаи иҷтимоӣ рӯзи 4-уми август бо ранги сурх ишора карданд ва ин ба он маъност, ки ӯ метавонад шоҳидонро аз рӯи парвандаи додгоҳиаш тарс бидиҳад. Дар сайти иҷтимоии Truth, ки ба худи ӯ марбут аст, собиқ президент бо ҳарфҳои калон навишт: “Агар шумо аз пушти ман оед, ман аз аз пушти шумо меравам!”. Ин изҳорот баъди он навишта шуд, ки ӯ дар додгоҳ аз рӯи иттиҳоми ташкили нақшаи ҷиноӣ ба хотири бекор кардани мағлубияташ дар интихоботи соли 2020 ки дар он Ҷо Байден ғалаба ба даст овард, худро бегуноҳ эълон кард. Дафтари мушовири вижа Ҷек Смит гуфт, ки изҳороти Трамп аз он назар мавриди нигаронӣ аст, ки ӯ метавонад маводҳои махфиро дар мазҳари ом қарор диҳад.