"Танҳо муҳоҷирони мо зери фишор нестанд." Назари мақомот дар бораи рейдҳо дигар шуд?
Як мақомдори баландпояи Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон мегӯянд, дар Русия фақат муҳоҷирони тоҷик таҳти фишор қарор надоранд. Ишораи Шаҳноза Нодирӣ, муовини вазири меҳнат ба амалиёти мақомоти Русия аст, ки дар ҷараёни он муҳоҷирон таъқибу таҳқир шуданд.