Коршинос: мошинҳои куҳна не, фурӯхтани "права" сабабгори садама аст
Раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон мегӯяд, як сабаби асосии садамаҳои пурқурбонии вақтҳои охир дар кишвар, истифода аз мошинҳои куҳна аст. Ба ин хотир Хуршед Каримзода гуфт, аз 2-юми октябри имсол воридоти мошинҳои истеҳсолашон то соли 2013 ба Тоҷикистон манъ мешавад.