Путин ва Эрдуғон. Маскав ба пуштибонии Анқара умедвор аст. ВИДЕО
Раисиҷумҳури Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон ва ҳамтои русаш Владимир Путин бо таваҷҷӯҳ ба афзоиши рӯйхати таҳримҳои байналмилалӣ алайҳи Русия, ҳамкориҳои амиқи иқтисодиро ваъда медиҳанд. Таҳлилгарон мегӯянд, тааҳҳуди раҳбарон барои таҳкими равобит, эҳтимолан умеди муттаҳидони ғарбии Туркия дар бораи ихтилофи байни Эрдуғон ва Путинро барбод медиҳад.