Президенти Узбекистон ҳафтаи оянда ба Амрико меравад
Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев ҳафтаи оянда ба Амрико сафар ва дар 78-умин ҷаласаи Маҷмаи умумии СММ суханронӣ хоҳад кард.
Сухангӯи президенти Узбекистон Шерзод Асадов гуфт, Мирзиёев дар доираи ин сафар "дар мубоҳисаҳои сиёсии сатҳи баланд иштирок ва дар ҷаласаи Маҷмаи умумии СММ дар шаҳри Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
Ҳамчунин президенти Узбекистон бо даъвати ҳамтои амрикоияш Ҷо Байден дар нахустин саммити раҳбарони ИМА ва кишварҳои Осиёи Марказӣ иштирок менамояд.