Қазоқистон ба Афғонистон табиб ва наҷотдиҳанда фиристод
Қазоқистон барои мусоидат дар бартарафсозии оқибатҳои заминларза, ки 7 октябр рух дод, ба Афғонистон 45 корманди наҷот ва табиб фиристодааст.
Дар хадамоти матбуотии Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон гуфтанд, бархе аз ин кормандони наҷот ва табибон дар бартарафсозии оқибатҳои заминларзаи Туркия дар соли равон иштирок карда буданд.
Заминларза рӯзи 7-уми октябр дар вилояти Ҳирот рӯй дод. Бар асари он зиёда аз ду ҳазор кас ҷон бохта, ҳазорҳо нафари дигар маҷруҳ шудаанд. Садҳо хона аз байн рафтааст.
Бино ба охирин хабарҳо, заминларза ҷони 2445 касро рабудааст. Хисороти зилзилаи маргбор дар Ҳироти Афғонистон бо ин хатм намешавад. Ҷустуҷӯйи ҷасадҳо ҳанӯз идома дорад ва сафи захмиёну муҳтоҷон низ меафзояд.