ПУРСИШ: Аз сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Маскав чӣ интизориҳо доред? ВИДЕО
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон Тоҷикистон рӯзи сешанбе бо сафари расмӣ ба Русия рафт. Душанбе ва Маскав шарикони стратегӣ дониста мешаванд ва Русия дар хоки Тоҷикистон азимтарин пойгоҳи низомии хориҷиашро ҷой додааст ва низ соле то як миллион шаҳрванди Тоҷикистон ба Русия барои кор мераванд.