Бозпурсии чанд корманди Фурудгоҳ барои фирори Дилшод Саидмуродов ва ҳамроҳонаш
Раиси Оҷонси авиатсияи шаҳрвандии Тоҷикистон бозпурсии чанд корманди Фурудгоҳи Душанберо дар пайванд ба фирори Дилшод Саидмуродов ва ҳамроҳонаш, ки ба қатли бонкдори тоҷик муттаҳам ҳастанд, тасдиқ кард. Вале гуфт, онҳоро ба ҳабс нагирифтаанд.