NYT: Русия ба ивази силоҳ дороиҳои Куриёи Шимолиро аз ҳабс озод кард
Русия дар ивази муҳимоти ҷангӣ ба Куриёи Шимолӣ иҷоза додааст, ки ба низоми байналхалқии молӣ дастрасӣ ёбад, инчунин, қисме аз дороиҳои он кишварро аз ҳабс озод кардааст, ки зери таҳримҳои СММ буданд. Дар ин бора нашрияи The New York Times хабар медиҳад.