Гумруки Тоҷикистон мегӯяд, "телефони мобилии қочоқӣ нахаред!"
Моҳҳои ахир,масъалаи сабти IMEI ва пардохти боҷӣ гумрукӣ барои телефонҳо ба мавзӯи баҳс табдил шудааст. Хадамоти гумрук мегӯяд, телефон ва ҳар дастгоҳҳои дигаре, ки бо симкорт кор мекунанд, ҳангоми овардан ба кишвар бояд дар нуқтаҳои гумрукӣ сабти ном карда шавад, вагарна қочоқӣ ба ҳисоб мераванд.