Аз як то се соат. "Лимит"-и барқ дар Тоҷикистон сахтар шудааст
Маҳдудият ё “лимит”-и интиқоли барқ дар Тоҷикистон сахттар шудааст. Аз бисёр минтақаҳои кишвар ба Радиои Озодӣ занг мезананду мегӯянд ва менависанд, ки шаби гузашта ҳамагӣ аз як то се соат барқ доштанд.