Эълони афви 897 зиндонӣ дар Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон афви тақрибан нуҳсад зиндонӣ эълон шуд. Фармонро дар ин бора раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 20-уми март имзо кард.
"Дар арафаи Иди байнулмилалии Наврӯз ҷазои 897 маҳкумшуда бахшида шуда, онҳо аз адои минбаъдаи ҷазо озод карда мешаванд," – гуфта шудааст дар фармон.
Мақомот "усули башардӯстӣ, ғамхорӣ ба оила ва кӯдакону наврасон"-ро аз далелҳои эълони тасмим номбар кардаанд.
Ин фармон нисбат ба маҳкумшудагоне татбиқ мегардад, ки барои содир кардани ҷиноятҳои начандон вазнин, дараҷаи миёна ва вазнин аз озодӣ маҳрум карда шудаанд.
Дар Тоҷикистон бори охир моҳи сентябри соли 2021 ба ифтихори 30-солагии истиқлол қонуни афв қабул гардида буд. Тибқи он, ёздаҳуним ҳазор нафар аз ҷавобгарии ҷиноӣ ва адои ҷазо озод гардиданд. Дар умум ин қонун нисбат ба 16 ҳазор кас татбиқ шуд.