КҲФ: Садҳо бино дар минтақаи Рашт аз зилзила осеб диданд
Тибқи охирин маълумоти бадастомада, бар асари зилзилаи рӯзи 13 апрел дар шарқи Тоҷикистон, садҳо манзили истиқоматӣ ва чандин иншоотҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла, мактабҳо ва бунгоҳҳои тиббӣ, осеб дидаанд. Як сокини хурдсоли ноҳияи Рашт дар пайи ин ҳодиса, ҷон бохтааст.
Маркази идоракунии ҳолатҳои буҳронии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, субҳи душанбе тозатарин маълумот аз паёмадҳои зилзилаи харобиовари рӯзи 13 март дар ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикободро дар ихтиёри Радиои Озодӣ гузошт.
Ба иттилои манбаъ, аз заминларзаи дирӯз, дар деҳаҳои Сафедтундак, Гулханӣ, Кул, Аскалони ҷамоати деҳоти Аскалон, деҳаи Хулаки ҷамоати деҳоти Хиҷборони ноҳияи Рашт 40 хонаи истиқоматӣ пурра, 5 хона қисман, 5 чойхона қисман ва як мактаб, зарар дидаанд.
Маркази идоракунии ҳолатҳои буҳронии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон мегӯяд, Абдуғанӣ Машрабови сесола, сокини деҳаи Уштурпасти ноҳияи Рашт "зери девори хонаи истиқоматӣ монда", ҷон бохтааст.
Ҳамчунин тибқи маълумоти пешакӣ, ба асари ин зилзила дар ҳудуди ноҳияи Тоҷикобод дар "маҷмуъ 54 хонаи истиқоматӣ пурра, 45 хонаи истиқоматӣ қисман, 61 хонаи истиқоматӣ сабук, 2 мактаб сабук, 196 иншооти ёрирасон пурра, 3 фароғатгоҳ (чойхона) ва 1- бунгоҳи тиббӣ қисман, зарар дидаанд".
Маркази идоракунии ҳолатҳои бӯҳронии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон ҳамзамон аз вуқӯи се пасларза дар қаламрави Тоҷикистон дар рӯзи 13 апрел хабар дод, ки маркази ҳамаи онҳо ноҳияи Рашт будааст.
КҲФ мегӯяд, ҳамакнун комиссияи махсус зарари расида аз зилзиларо ҳисоб дорад. Ба иттилои ин ниҳод, ба ҳадафи бартараф кардани оқибатҳои заминларза, комиссия ташкил шуда, ҳайати ҳукуматӣ шомили муовини сарвазир, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, сардори Идораи геология, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, ба минтақа сафар намуда, аз мавзеъҳои зарардида дидан кардаанд.
Заминларза соати 9-24-и рӯзи 13-уми апрел рух дода, шаҳри Душанбе, минтақаи Рашт ва вилояти Суғдро такон дод. Ба иттилои Маркази идоракунии ҳолатҳои буҳронии КҲФ, маркази заминларза дар 21-километрии ноҳияи Рашт ва дар ҳудуди Тоҷикистон буд. Ба гуфтаи манбаъ, қувваи заминларза дар марказ 5-6 ва дар шаҳри Душанбе 3 балро ташкил дод.
Минтақаи Рашт дар гузашта ҳам шоҳиди заминларзаҳои сахте шуда буд. Азҷумла соли 2021 бар асари зилзила 5 сокини ноҳияи Тоҷикобод ба ҳалокат расида буданд. Пеш аз он, моҳи июли соли 2020 наздик ба 60 хонаи сокинони чаҳор деҳа дар ҷамоати Ширинчашмаи ноҳияи Тоҷикобод дар заминларза осеб диданд.
Тоҷикистон дар яке аз минтақаҳои зилзилахези қораи Осиё ҷойгир аст.
Ҳар сол дар кишвар садҳо заминларза сабт шуда, дар натиҷаи он баъзе аз манзили сокинон вайрон мешавад.