Добавить новость
World News in Tajik



Новости сегодня на DirectAdvert

Новости сегодня от Adwile

30 тан аз наздикони Ҳоҷӣ Ҳалим мегӯянд "дар кӯча мемонанд"

Наздикони Мирзокарим Назаров, бародари Абдуҳалим Назарзода, муовини пешини вазири дифои Тоҷикистон аз эҳтимоли дар кӯча бесарпаноҳ мондани худ нигаронанд.

Онҳо мегӯянд, панҷ рӯз пеш Хадамоти иҷрои Тоҷикистон барояшон мӯҳлат додааст, ки то 27 май манзили зисташонро довталабона тарк кунанд, вагарна иҷборан берун карда мешаванд. Хонаи мавриди баҳс дар кӯчаи Қаротегини ноҳияи Шоҳмансури Душанбе ҷойгир аст, ки соли 2016 бо ҳукми Коллегияи ҳарбии Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳамчун моликияти Мирзокарим Назаров эътироф ва мусодира карда шудааст.

Зиёда Қурбонова, ҳамсари Мирзокарим Назаров мегӯяд, ки хона ҳануз соли 2014 аз сӯйи шавҳараш ба ӯ ва писараш ҳадя шудааст ва ҳуҷҷатҳо инро тасдиқ мекунанд, вале мақомот санадҳоро ба назар намегиранд.

“Чаро қонун моро пуштибонӣ намекунад, - мегӯяд Қурбонова. - Даҳ сол шуд рафтани шавҳарамро, ӯро куштанд, моро ин қадар азобу ғам дода истодаанд. Мо намедонем куҷо равем, ягон сарпаноҳ надорем”, - мегӯяд Қурбонова.

Ба гуфтаи ҳамсари Мирзокарим Назаров, пас аз ҳукми мусодираи хона дар соли 2016 чун онҳо дигар ҷойи рафтан надоштанд, дар ҳамин хона монданд. Зеро хона моликияти худи ӯст, ки як сол пеш аз ошуби нокоми Абдуҳалим Назарзода дигар ба шавҳараш тааллуқ надошт.

Шавҳари ин зан бародари Абдуҳалим Назарзода, маъруф ба Ҳоҷӣ Ҳалим, муовини вақти вазири дифоъ аст, ки соли 2015 дар як даргирии мармуз, ки мақомот онро ошӯби нокоми мусаллаҳона меноманд, ҳамроҳи ду бародари дигараш кушта шудааст. Ба иттилои расмӣ, се бародари Ҳоҷӣ Ҳалим барои моил кардани ӯ ба гуфтушунид мерафтанд ва гӯё дар роҳ аз тири ошӯбгарон ба ҳалокат расиданд. Тасдиқи он аз манобеи мустақил имконпазир нест.

Ҳоло хонаводаи Мирзокарим Назаров аз раиси ҷумҳури Тоҷикистон хостаанд, ба мушкилашон расидагӣ кунад, зеро чор узви оила – ҷамъан сӣ нафар дар ин хона зиндагӣ мекунанд.

Қурбонова гуфт, ин ҳама мардум воқеан ҳам сарпаноҳи дигаре надоранд. “Ин қадар одамон намедонем ба куҷо равем, дар кӯча зиндагӣ кунем? - мегӯяд ӯ дар сӯҳбат бо Радиои озодӣ. - Писаронам ҳаст, як бародари шавҳарам, ки 10 сол маҳбас шуда баромад, ҳаст, ки ду хона дошт, хонаҳояшро гирифтанд. Бехона монд, дар манзили мо зиндагӣ мекунад. 20 фарзанди ноболиғ дорем, боқимонда калонҳо”, - нигаронӣ мекунад Зиёда Қурбонова.

Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи Тоҷикистон соли 2023 ба додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури пойтахт муроҷиат карда, иддао кардааст, ки ин хона ба Мирзокарим Назаров тааллуқ дошт ва моҳи августи 2016 бо ҳукми Коллегияи ҳарбии Додгоҳи олӣ, бе додани хонаи дигари истиқоматӣ ба нафъи давлат мусодира шудааст, вале бошандагонаш онро ба давлат намесупоранд.

Ин ниҳод аз додгоҳ хостааст, масъалаи аз манзили баҳсӣ кӯчонидани хонаводаи Назаровро бе додани манзили дигари истиқоматӣ баррасӣ кунад. Додгоҳ моҳи ноябри 2023 ин дархости Кумитаи сармоягузориро қонеъ мекунад.

Бо гузашти наздик ба ду сол аз ҳалномаи додгоҳ Хадамоти иҷрои назди ҳукумати Тоҷикистон, рӯзи 21 май бо пешниҳоди нома ба ин хонавода, аз ниҳодҳои дигар, аз ҷумла шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шоҳмансур, талаб кардааст, ки то 27-уми май масъалаи довталабона холӣ кардани хона ҳал шавад.

Масъулони Хадамоти иҷро барои шарҳи ин тасмимашон дастрас нестанд, вале дар номаашон омадааст, ки “дар ҳолати иҷро накардани талаботи иҷрочии мақомоти иҷро санади судӣ ба тариқи маҷбурӣ тибқи талаботи қонун аз ҷониби иҷрочиёни Хадамоти иҷро дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бо роҳи ҷалб намудани мақомоти дахлдор санаи санаи 28-уми май ба иҷро расонида мешавад”.

Зиёда Қурбонова мегӯяд, онҳо барои ҳали қазия моҳи апрел ба Додгоҳи олии Тоҷикистон ариза навиштаанд, вале то кунун муроҷиати онҳо баррасӣ нашудааст.

Мақомоти Тоҷикистон дар соли 2016, пас аз воқеаҳои моҳи сентябр Абдуҳалим Назарзодаро ба доштани сарвати зиёде, аз ҷумла чандин ширкату корхона, бинову иншоот ва тарабхонаву истироҳатгоҳҳо муттаҳам карда, онҳоро ба нафъи давлат мусодира карданд.

Читайте на сайте


Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. Абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city
Музыкальные новости
Новости России
Экология в России и мире
Спорт в России и мире
Moscow.media









103news.com — быстрее, чем Я..., самые свежие и актуальные новости Вашего города — каждый день, каждый час с ежеминутным обновлением! Мгновенная публикация на языке оригинала, без модерации и без купюр в разделе Пользователи сайта 103news.com.

Как добавить свои новости в наши трансляции? Очень просто. Достаточно отправить заявку на наш электронный адрес mail@29ru.net с указанием адреса Вашей ленты новостей в формате RSS или подать заявку на включение Вашего сайта в наш каталог через форму. После модерации заявки в течении 24 часов Ваша лента новостей начнёт транслироваться в разделе Вашего города. Все новости в нашей ленте новостей отсортированы поминутно по времени публикации, которое указано напротив каждой новости справа также как и прямая ссылка на источник информации. Если у Вас есть интересные фото Вашего города или других населённых пунктов Вашего региона мы также готовы опубликовать их в разделе Вашего города в нашем каталоге региональных сайтов, который на сегодняшний день является самым большим региональным ресурсом, охватывающим все города не только России и Украины, но ещё и Белоруссии и Абхазии. Прислать фото можно здесь. Оперативно разместить свою новость в Вашем городе можно самостоятельно через форму.

Другие популярные новости дня сегодня


Новости 24/7 Все города России



Топ 10 новостей последнего часа



Rss.plus


Новости России







Rss.plus
Moscow.media


103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости




Спорт в России и мире



Новости Крыма на Sevpoisk.ru




Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России