Добавить новость
World News in Tajik



Новости сегодня на DirectAdvert

Новости сегодня от Adwile

"Шавҳарам туҳмат кард, ки ин кӯдак аз ман нест ва баромада рафт". Зиндагии Меҳварою ду духтараш дар вагон

Меҳварой Раҳимова, сокини 36-солаи маҳаллаи Чорбоғи ноҳияи Варзоб баъд аз ҷудо шудан аз шавҳараш, бо ду кӯдаки хурдсол панҷ сол боз дар вагон зиндагӣ мекунад. Вале дар ин ҷо ҳам таҳдидаш мекунанд, ки ронда хоҳад шуд.

Ӯ рӯзи 2-юми июн дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки “шароитам бисёр сангин аст, вале сарпаноҳи дигаре барои зистан надорам”.

Вагони партофташудае дар канори маҳалла як дар дораду чанд тиреза ва қуттиеро мемонад, ки дарунаш ҳавои тоза ё дастшӯиву дигар шароит надораду танҳо бому дару девор.

Раҳимова мегӯяд, тобистон “дохили вагон аз гармӣ тафсон мешавад. Зимистон бошад аз боли сарамон об мерезад. Гоҳе аз ноилоҷӣ кӯдаконро гирифта ба хонаи ҳамсоя меравем, лекин то кай? Бисёр мушкил аст.

Мисол, меоянд мегӯнд, ки "хез, барқатон ғайриқонунӣ аст, аз ин ҷо истифода набаред. Боз қонун сахт шудагӣ аст, барқ нагиред, соҳибашро ёбед, қонунӣ кунад" мегӯянд. Соҳибаш гуфт, "худатон истифода мебаред, мушкилро ҳал кунед". Лекин пули барқ месупорем, расид медиҳанд”, афзуд ӯ.

Меҳварой то ду моҳ пеш дар як моҳифуруӯшӣ зарфшуӣ мекард. Бемории сутунмуҳрааш авҷ гирифт ва дигар натавонист кор кунад. Бо каме беҳтар шудани вазъи саломатиаш ҳоло дар ҷустуҷӯи кор аст, то фарзандонаш Оминахони 7 ва Бибиосияи 5-соларо ба воя расонад.

Мегӯяд, бадбахтиҳояш баъди таваллуд шудани духтари хурдӣ сар шуд.

“Нахуст писарча ба дунё омад, думоҳа шуда даргузашт, - мегӯяд Раҳимова. - Баъди вай чанд соли дигар гаштам, баъд ҳамин духтаракам ба дунё омад. Зиндагиамон соз буд, ана ин духтараки хурдиям, ки шуд, шавҳарам гуфт, "ту бо ягон кас ягон ҷо рафтагӣ ҳастӣ, ин кӯдак аз ман нест". Туҳмат кард, ки ин кӯдак аз ман нест. Ҷангу ҷанҷол карда баромада рафт. Духтари калониам 7-сола ва хурдӣ 5-сола шуданд, лекин як бор аз дарам надаромад, то пурсад, ки "ту чӣ ҳол дорӣ, дар куҷо ҳастӣ?”

Назари шавҳари собиқи ин зан ба чунин гуфтаҳо маълум нест. Худи Меҳвайрой намедонад шавҳараи собиқаш дар куҷост ва дар бораи макони зисти ӯ суроғаи дақиқеро намедонад.

Акнун бори зиндагиро Меҳварой Раҳимова ба танҳоӣ мекашад. Вай наметавонад ҳамроҳ бо кӯдаконаш дар манзили волидайн ба сар барад, зеро мегӯяд, шароити зиндагии онҳо ҳам хуб нест.

Ба гуфтаи ин зан, ягона бародараш гоҳе кӯмакаш мекард ва ҳоло дар Русия дар муҳоҷирати меҳнатист. Вай афзуд, «додарам ҳам зан дорад, зиндагӣ дорад. Бубинед, ягон шароит надорам, касе нест, ки кӯдаконамро наздаш монда раваму кор кунам. Мегӯям, ягон кори сабуки мувифиқи худам ёбам. Хоҳиш дорам, ки мардуми хайрхоҳ кӯмак кунанд, як кулбае барои фарзандонам бунёд кунам».

Меҳварой мегӯяд, борҳо ба ҷамоати Чорбоғи ноҳияи Варзоб муроҷиат кардааст, ки ба ӯ кӯмак кунанд, вале бо сабаби расман дар қайди ҷамоат набудан, ӯро ба гурӯҳи камбизоат дохил накарда, ҳеҷ кӯмаке нарасондаанд.

Раиси маҳаллаи Чорбоғ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, аз шароити сангини ин зан огоҳ аст, вале таъкид кард, ки аз маҳалла дур аст ва аз шарҳи бештари мавзуъ худдорӣ намуд.

Модар акнун маҷбур аст, фарзандонашро дар вагоне, ки оддитарин шароит барои зистанро надорад, калон кунад. Ин вагон дар маҳаллаи Чорбоғ, тақрибан дар 10-километрии маркази пойтахт ҷойгир буда, атрофи он оби ошомиданӣ низ нест.

Модар таъкид кард, ки барои кӯдакон дар дохили вагон зиндагӣ кардан сахт аст, зеро дар ин гармиҳо тоқати истодан дар дохили онро надоранд.

«Берун мебароянд, лекин бубинед, дар берун ҳам дар чӣ шароит бозӣ мекунанд. Офтоб задааст, кӯдаки хурдиам бемор шудааст. Ду пуле ҷамъ мекунем, ягон ду сотих замин гирем мегӯям, дар табобати ҳамин кӯдак харҷ мешавад», афзуд хонум Меҳварой.

Меҳварой пушаймон аст, ки таҳсил накард ва соҳиби касбу коре нашуд. Падараш бо сабаби бад будани вазъи молии хонавода таҳсили Меҳваройро ҳанӯз дар мактаби миёна қатъ кард.

Меҳварой орзу дорад, ки рӯзе соҳиби сарпаноҳе хоҳад шуд ва бо заҳмати ҳалол фарзандонашро бузург хоҳад кард.

Читайте на сайте


Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. Абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city
Музыкальные новости
Новости России
Экология в России и мире
Спорт в России и мире
Moscow.media









103news.com — быстрее, чем Я..., самые свежие и актуальные новости Вашего города — каждый день, каждый час с ежеминутным обновлением! Мгновенная публикация на языке оригинала, без модерации и без купюр в разделе Пользователи сайта 103news.com.

Как добавить свои новости в наши трансляции? Очень просто. Достаточно отправить заявку на наш электронный адрес mail@29ru.net с указанием адреса Вашей ленты новостей в формате RSS или подать заявку на включение Вашего сайта в наш каталог через форму. После модерации заявки в течении 24 часов Ваша лента новостей начнёт транслироваться в разделе Вашего города. Все новости в нашей ленте новостей отсортированы поминутно по времени публикации, которое указано напротив каждой новости справа также как и прямая ссылка на источник информации. Если у Вас есть интересные фото Вашего города или других населённых пунктов Вашего региона мы также готовы опубликовать их в разделе Вашего города в нашем каталоге региональных сайтов, который на сегодняшний день является самым большим региональным ресурсом, охватывающим все города не только России и Украины, но ещё и Белоруссии и Абхазии. Прислать фото можно здесь. Оперативно разместить свою новость в Вашем городе можно самостоятельно через форму.

Другие популярные новости дня сегодня


Новости 24/7 Все города России



Топ 10 новостей последнего часа



Rss.plus


Новости России







Rss.plus
Moscow.media


103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости




Спорт в России и мире



Новости Крыма на Sevpoisk.ru




Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России