Фоҷиа дар Рӯзи иди Қурбон. 3 кӯдак дар сӯхтор ҳалок шуданд
Дар пайи сӯхтани манзил дар шаҳри Ваҳдат, 3 кӯдак ба ҳалокат расидаанд. Ҳодиса 6-уми июн дар деҳаи Ҷангалобод рух додааст. Дар ин рӯз сокинони Тоҷикистон иди Қурбонро ҷашн мегирифтанд.
Як масъули идораи ҳолатҳои фавқулодаи шаҳри Ваҳдат 9-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, сӯхтор дар пайи оташ гирифтани сими нерӯдиҳандаи телефон сар задааст.
"Нерӯдиҳандаи телефон ба барқ пайваст будааст ва оташ мегирад. Баъдан оташ ба курпача мепечад. Кӯдакон аз дуди курпача нафасгир шуда, ба ҳалокат расидаанд,"-афзуд ин масъули идораи ҳолатҳои фавқулода.
Корбарони Радиои Озодӣ бо ирсоли навор аз ҷойи ҳодиса гуфтанд, кӯдакони фавтида 5, 8 ва 10 сола буданд. Муаллифи навор мегӯяд, ду хона пурра сӯхтаанд.
Ҷузъиёти бештари ҳодиса дастрас нест. Мақомот гуфтанд, идораи сӯхторнишонӣ воқеаро таҳқиқ дорад.
Ин бори аввал нест, ки наврасон дар сӯхтор ҷон медиҳанд. Моҳи марти соли 2024 дар пайи оташ гирифтани як хона дар Душанбе, се кӯдак ба ҳалокат расида буд.