Фирори беш аз 36 ҳазор ғайринизомӣ аз даргириҳо дар Судон
Беш аз 36 ҳазор ғайринизомӣ дар Судон аз шаҳрҳо ва деҳаҳои минтақаи Кордофан дар шарқи Дорфур, фирор кардаанд.
Хабаргузории "Франс-пресс" ба нақл аз СММ гузориш додааст, ки ниманизомиён ҳушдор додаанд, ки нерӯҳояш дар ҳоли таҷаммуъ дар хатти пеши ҷанг ҳастанд.
Дар ҳафтаҳои ахир, минтақаи Кордофани Марказӣ ба майдони набарди нав дар ҷанги дусола миёни артиши Судон ва нерӯҳои ниманизомии Ҳимояти сареъ (RSF), табдил шудааст.
Кордофан марказе аст, ки аз аҳамияти стратегӣ бархӯрдор мебошад, зеро миёни вилояти Дорфур ва минтақаи атрофи Хартум, пойтахти Судон ҷойгир аст.
Густариши доманаи ҷанг дар ин минтақа пас аз он сурат мегирад, ки нерӯҳои Ҳимояти сареъ назорати шаҳри Ал-Фошир ва охирин пойгоҳи артиши Судон дар Дорфурро ба даст гирифтанд.
Созмони байналмилалии муҳоҷират вобаста ба СММ дар баёнияе эълон намуд, ки ҳудуди 36 ҳазору 825 нафар байни 26 то 31 октябр аз панҷ ноҳияи Кордофани Шимолӣ беҷо шудаанд.
Созмони ҳуқуқи башар ҳам нерӯҳои Ҳимояти сареъ ва ҳам артиши Судонро ба иртикоби ҷиноятҳои ҷангӣ муттаҳам мекунанд.