Трамп таҳримҳо зидди Сурияро бекор кард
Конгресси Амрико рӯзи 17 декабр таҳримҳои ҷоришуда бар Сурия дар замони Башор Асад, раҳбари сарнагуншудаи он кишварро ба таври доимӣ бекор кард ва роҳро барои бозгашти сармоягузориҳо ба ин кишвари ҷангзада ҳамвор сохт.
Ба иттилои хабаргузории "Франс-пресс", Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико пеш аз ин ду бор дар посух ба дархостҳои Арабистони Саудӣ ва Туркия -- муттаҳидони ҳукумати нави Русия ба раҳбарии Аҳмад Аш-Шаръ, ин таҳримҳоро боздошта буд.
Аммо Аҳмад Аш-Шаръ дар пайи лағви доимии таҳримҳо буд, зеро бекор накардани он метавонист монеи сармоягузориҳо дар ин кишвар шавад.
Гурӯҳҳои мухолифи ҳукумати Сурия бо раҳбарии Аҳмад Аш-Шаръ 7 декабри соли 2024 пас аз фирори раҳбари худкомаи он кишвар Башор Асад вориди Димишқ шуданд ва қудратро ба даст гирифтанд.